Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Шароитҳои гидрологии Тоҷикистон ва ҳифзи манбаъҳои обӣ-омили таъмини рушди иқтисодиёти сабз дар минтақа» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.
Қабл аз конференсия намоиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон ташкил карда шуд.
Дар конференсия роҳбарияти донишгоҳ, олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳа аз донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ Дилшод Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои байналмилалии Роҳбарияти олии мамлакат иброз намуд, ки Тоҷикистон аз файзи ойини хирадбунёду сулҳпарварӣ, сиёсати муваффақонаву инсонмеҳваронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 33 соли истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон байни кишварҳои мутараққии олам мақоми шоистаро касб намудааст ва ҳамчун як давлати дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст.
Таъкид гардид, ки ташаббусҳои ҷаҳонии татбиқшудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили об, монанди «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки мавриди амал қарор дорад, далели возеҳи нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳимияти масоили баррасишаванда мебошанд.
Дар идома дар мавзуъҳои “Саҳми Тоҷикистон дар талошҳои ҷаҳонӣ, ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо: таҳлили ҳолат ва динамикаи пиряхи Ванҷях (Федченко)”, “ Баъзе ҷанбаҳои идоракунии захираҳои обии фаромарзӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ”, “Нақши захираҳои обии Тоҷикистон дар рушди самаранокии соҳаи сайёҳӣ”, “Хусусиятҳои географии яхбандиҳо ва масъалаҳои омӯзиши илмии онҳо” ва “Туризм дар куҳҳо: минтақаҳо ва тамоюлҳо” маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод карда шуд.
Иброз гардид, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад, борҳо аз ҷониби Пешвои миллат аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ садо додааст.
Дар анҷоми қисми пленарии конфронс ба як қатор фаъолон ва олимону муҳаққиқон сипосномаи Раёсати донишгоҳ супорида шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






