Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мегардад

Март 22, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар доираи фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллӣ доир мешавад.

Фестивал соли ҳафтум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.

Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат, дар назар аст, ки дар ҷашни Наврӯз меҳмонону блогерон аз давлатҳои Нидерланд, Швейтсария, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Покистон ва Кувайт омада, имконоти сайёҳии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

Ҷашни Наврӯз бо хусусияти беназираш яке аз намунаҳои муҳими сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик мебошад.

Дар идомаи намоиш барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони мамлакат пешниҳод мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид