Дар Душанбе масъалаи рушди шабакаҳои транзити нақлиётӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 март вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) доктор Асад Маҷид Хон баргузор шуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи рушди шабакаҳои транзити нақлиётиро муҳокима намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ дар маркази сиёсати хориҷии иқтисодии мамлакат қарор дошта, Тоҷикистон ҳамкории босамарро бо ташкилоти байналмилалии минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ яке аз самтҳои афзалиятнок медонад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати фаъол ва ташаббускор дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар самтҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла рушди савдои озод, густариши долонҳои нақлиётӣ, ҳамкории энергетикӣ, идоракунии захираҳои обӣ, рушди сайёҳӣ ва татбиқи иқдоми сабзи экологӣ саҳми арзанда мегузорад.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз зиёда аз сеяки гардиши савдои хориҷии мамлакат маҳз ба кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ рост меояд, ки аз афзоиши ҳамкории мутақобили судманд дарак медиҳад.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории гумрукӣ, бозори воҳиди энергетикӣ ва барномаҳои иҷтимоию фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориро муҳокима намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад






