Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Тағйир додани мушкилоти пиряхҳо барои ҳалли онҳо» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе гузаронида мешавад, баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Тағйир додани мушкилоти пиряхҳо барои ҳалли онҳо» ба нақша гирифта шудааст, иитилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо.
Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамкории илмӣ, ки ба соҳаи таҳқиқоти илмӣ, таҳқиқотӣ ва татбиқи таҳқиқоти ҷаҳонӣ равона карда мешаванд, аз ҳадафҳои намоишгоҳ мебошад.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва миллии давлатию ғайриҳукуматӣ, институтҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра иштирок намоянд.
14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул намуд. Он дар таърихи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид яке аз қатъномаҳои нодир маҳсуб мешавад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалии пиряхҳо ва ҳам эълони Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо (соли 2025) дарҷ гардидааст.
Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки бозгӯи ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳон аз ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва обу иқлим дар сайёра мебошад.
Тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар иртибот ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ҳадафи конфронси бапйналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути ҳамкорӣ ва амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳои сиёсӣ мебошад.
Интизор меравад, ки иштирокдорони Конфронси сатҳи баланди Душанбе дар доираи нишастҳои мавзуӣ, форумҳо ва чорабиниҳои канорию фарҳангӣ масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалиро дар самти андешидани тадбирҳои муассир барои ҳифзи пиряҳои сайёраро баррасӣ намоянд. Конфронси сатҳи баланди Душанбе қадами муассир дар роҳи тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад






