Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба маблағгузории «сабз» баррасӣ гардид

Март 14, 2025 18:45

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар бахши бонкӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Муғулистон Ҳусейн Озхан  дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди бозори пулу сармоя ва суғурта, такмили сиёсати пулию қарзӣ дар Тоҷикистон ва маблағгузории «сабз»-ро баррасӣ намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, гуфт, ки новобаста аз сатҳи баланди номуайянии иқтисодӣ дар минтақа нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ муътадил боқӣ мемонанд.

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  барои таъмини ҷонибҳои манфиатдор бо иттилооти баландсифат оид ба раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак платформаи ягонаи иттилоотӣ таҳия намояд. Дар доираи дастгирии низоми молиявии «сабз» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби маблағгузории «сабз» «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул намудааст, ки он ислоҳоти институтсионалиро фаро гирифта, дар татбиқи принсипҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ, таҳлили хатарҳои иқлим дар муассисаҳои молиявӣ, инчунин рушди бозори маблағгузории «сабз» нақши муҳим мебозад.

Ҷонибҳо инчунин доир ба рушди бозори суғуртаи мамлакат суҳбат намуданд. Дар ин самт «Стратегияи рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» таҳия гардида, ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба тақвияти иқтидори идораи назорати суғуртавӣ ва татбиқи намудҳои хизматрасонии суғуртавӣ муҳим  мебошад.

   АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 14, 2025 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор шуд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд