Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Иди Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад, ки дар он ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Ҳисор иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар рӯзҳои ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз дар «Қалъаи Хуҷанд» ҳамчунин намоиши хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти қаннодӣ ташкил мегардад.
Ҳамзамон дар ин макон Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намоиши ҳунарҳои мардумиро доир менамоянд. Дар ин намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандону косибони номдори ҳама манотиқи ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки имсол Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ бо иштироки зиёди меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд баргузор мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки 11 апрели соли 2024 Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» баъди таъмиру навсозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, дар ҳудуди он бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд.
Дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки дар он «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» фаъолият доранд, ба макони писандидаи сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид






