Дар мақомоти гумрук Наврӯзро бо оростани суфраи идона ва мусобиқаҳои варзишӣ истиқбол намуданд

Март 29, 2025 09:29

ДУШАНБЕ, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯз барои миллати тоҷик арзиши бузурги таърихию фарҳангӣ дошта,  меҳрофарӣ, нуру равшангароӣ, зебоӣ, дӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату Замин, пайдо намудани неруи тоза ва ободкорию накӯкориро таҷассум менамояд. Аз ин рӯ, газанди рӯзгор ва зарбаҳои таърихӣ натавонистанд Наврӯз ва арзишҳои онро аз байн баранд. Ин матлаб зимни тантанаҳои наврӯзӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин мақомот иттилоъ доданд.

Сардори Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода доир ба таъриху суннатҳои ин ҷашни ҷаҳонӣ- Наврӯз сухан намуда, афзуд, ки Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав буда, ба ҷашни баробаршавии шабу рӯз ва инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯи Замин табдил ёфтааст.

Гуфта шуд, ки Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон аст. Ривоятҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн зиёд буда, он аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст. Наврӯз на танҳо таърихи бой, балки маънию фалсафа, ҳикмати зиёд ва арзиши бебаҳои илмӣ дорад.

«Мо бояд оинҳои неки ин ҷашни бостонии миллатамонро пос дошта, ба наслҳои оянда мерос гузорем. Барои кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, бахусус Тоҷикистон боиси фараҳмандӣ аст, ки ин ҷашни аҷдодӣ маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият дохил карда шуд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва дастгирии давлатҳои дӯсту бародар буд»,- иброз намуд Хуршед Каримзода.

Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки айёми созандагию ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар хонадон, маҳалли зист ва дар маҷмуъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

Дар идомаи базми наврӯзӣ  кормандони мақомоти гумрук оид ба арзишҳои фарҳангӣ, суннату анъанаҳои неки Наврӯз ва нақши он дар таҳкими дӯстию ҳамдилии мардумон ибрози назар намуданд. Ҷашни Наврӯз саршор аз ҳикмат ва фалсафаи зиндагӣ аст. Дар базм гӯшаи наврӯзӣ ташкил карда шуд, ки дар он  ҳунарҳои мардумӣ, асбобу ускунаҳои чӯбин, бардевориҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, қуроқӣ, кафшу пероҳанҳои қадимии тоҷикӣ ва дигар ашё, ки бозгӯи ҳунарманд будани мардумамон аст, ба маъраз гузошта шуданд.

Инчунин суфраи наврӯзии «ҳафтсин» ва «ҳафтшин», ки  яке аз анъанаҳои наврӯзӣ мебошад, ороста шуд. Ҳамзамон дар байни кормандони Хадамоти гумрук  мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ,  аз ҷумла шашка ва  шоҳмотбозӣ,  бандкашӣ ва вазнбардорӣ гузаронида шуданд. Ғолибон бо Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 29, 2025 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд