Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ва чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.
Иброз гардид, ки Наврȳз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгон то ба имрӯз расидааст. Аз сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки ҷашни Наврӯз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии халқи тоҷик, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ гардидааст.
Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либосҳояшонро нав ё тозаву озода мегардонанд, маданияти заминдорию заминкорӣ ва боғдорию ободкориро ривоҷ мебахшанд.
Таъкид шуд, ки бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкорию табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар байни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






