Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон базми наврӯзӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёи Узбекистон дар таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳисор иштирок намуда, ҳамзамон мавзеъҳои таърихии шаҳр, аз ҷумла Қалъаи Ҳисорро тамошо намуда, бо фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон шинос шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар боғи зимистонаи «Шаршара» ба муносибати ташрифи меҳмонон аз давлати ҳамсоя шоми фарҳангии пуршукуҳи наврӯзӣ баргузор карда шуд.
Зимни ҳамоиш роҳбарияти шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Сариосиёи Узбекистон доир ба таҳкими ҳамкории ду давлати ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Узбекистон, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев беш аз пеш густариш меёбад, сухан намуда, таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар таҳкими дӯстию рафоқат ва ҳусни ҳамҷаворӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Дар базми наврӯзӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор ва Маркази маданияти ноҳияи Сариосиё бо барномаи рангини консертӣ ба базми наврӯзӣ сурур бахшиданд.
Солҳои охир иштироки меҳмонон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии наздимарзии ду давлати ҳамсоя –Тоҷикистон ва Узбекистон дар таҷлили ҷашни Наврӯз, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ба ҳукми анъана даромадааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






