Дар шаҳри Норак оид ба ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд

Март 29, 2025 13:30

НОРАК, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон-омили сабзу хуррамгардонии шаҳру деҳоти мамлакат» конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш  қабули ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси ифтихори миллати шарафманди тоҷик номида шуд.

Гуфта шуд, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳи ҳал ва дарёфти усулҳои рафъи мушкилот вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо хеле муҳим ва саривақтӣ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ҷой гирифта, истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мо мушоҳида менамоем, ки Пешвои миллат давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин ҳушдор медиҳанд.

Дар давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули қатъномаи нав дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саҳифаи нави таърихӣ кушода шуд. Ин ташаббуси Президенти Тоҷикистон бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим мутахассисон ва муҳаққиқони моро зарур аст, ки ташаббускор бошанд ва тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Март 29, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд