Дар Вазорати нақлиёт аз дастовардҳои роҳсозон аз Наврӯз то Наврӯз ёдовар шуданд

Март 25, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омадани фасли баҳору ҷашни Наврӯзро ҳамагон, бахусус мо роҳдорону роҳсозон бесаброна интизор мешавем, зеро бо фаро расидани фасли баҳор мушкилот паси сар мегардад. Барои таъмиру навсозии роҳҳо фурсати наву мусоид фаро мерасад. Аз Наврӯзи гузашта то ба Наврӯзи имсола роҳдорону роҳсозон, кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳани мамлакат ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Ин матлабро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни баргузории ҳамоиши идона бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар вазорат доир шуд, баён намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд, ҳамоиши идона бо тамошои дастархони наврӯзӣ, ки бо ҳафтсину ҳафтшин ва дигар таомҳои миллӣ ороста шуда буд, оғоз гардид. Иштирокдорони ҳамоиши идона ҳамчунин маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши либосҳои миллиро тамошо карданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад ва куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ривояту ҳикоятҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн зиёданд. Ин ҷашни бостонӣ, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, на танҳо таърихи бой, балки маънию фалсафа ва ҳикмати зиёд ва арзиши гаронбаҳои илмӣ дорад.

«Мо бояд оинҳои неки ин ҷашни бостонии миллатамонро пос дошта, ба наслҳои оянда мерос гузорем. Барои кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, бахусус Тоҷикистон боиси фараҳмандист, ки ин ҷашни аҷдодӣ маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО соли 2009 ба Феҳристи мероси ғайримодии башарият шомил карда шуд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва дастгирии давлатҳои дӯсту бародар буд»,- изҳор шуд дар ҳамоиш.

Иштирокдорон ёдовар шуданд, ки дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз дарҷ гардидааст, ки давлатҳои аъзои Созмони бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола тадбирҳо андешанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 25, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд