Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ машғулияти омӯзишӣ оид ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳо гузаронида шуд

Март 1, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 01.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зерсохтори вазорат машғулияти омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода доир ба зарурати амалинамоии гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар ин самт ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа сухан намуд.

Дар машғулият ба ҳозирин доир ба тарзи фаъолияти низоми гардиши электронии ҳуҷҷатҳо маълумот пешниҳод шуд. Иброз гардид, ки амалӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар фаъолияти корӣ талаботи замон буда, ба осон намудани тарзи корбарии ҳуҷҷатҳо равона гардидааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст