Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд

Март 7, 2025 13:45

ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки Зан-Модар сарчашмаи зиндагӣ, меҳрубонӣ ва садоқат аст. Бо неруи бепоёни худ ӯ чароғи хонадони ҳар инсон ва тарбиятгари наслҳои солим мебошад. Арҷгузорӣ ба Модар ва қадршиносии заҳматҳои ӯ нишонаи маърифати баланд ва фарҳанги волои ҷомеаи мо аст.

Муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода гуфт, ки дар зиндагӣ муҳаббати ҳақиқию самимиро мо аз модари худ меёбем. Аз ин рӯ, Модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар фарзанд аст, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат мебошад.

Инчунин гуфта шуд, ки  Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Дар яке  аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз Офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Март 7, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Модари ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов: «Модарон барои тарбияи фарзандони хубу номбардори миллат заҳмати сангинро паси сар менамоянд»
Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд
Президенти Тоҷикистон: «13 ҳазор нафар духтарони тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»
Шаъмигули Карим: «Ронанда шудан орзуи даврони кӯдакиам буд»
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар ноҳияи Муъминобод Рӯзи Модар хотирмон таҷлил гардид
Зан – Модар сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва нуру зиёи зиндагӣ аст
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Рӯзи Модарро дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил намуданд
«МОДАР ВАТАН АСТУ ХУД ВАТАН МОДАРИ МОСТ!». Зан-Модар дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад
Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид