ДАРАХТ БИНШОН! Дар Истаравшан беш аз 18 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар хиёбонҳои шаҳр беш аз 18 ҳазор бех ниҳолони мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ дар шаҳр идома дорад. Ин даъфа ҳашари ниҳолшинонӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд доир гардид. Дар канори шоҳроҳи мазкур асосан дарахтони ҳамешасабз, ки ба шароити ин мавзеъ мутобиқ мебошад, шинонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки: «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд».
Дар ин замина бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст. Тибқи Барномаи мазкур дар марҳилаи якум- солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.
Амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххаси ин Барнома ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди мамлакат, шинонидан ва парвариши дарахту буттаҳо дар ҳудуди ҳар маҳаллаю ҷамоат, идораҳои маъмурӣ, новобаста аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, заминҳои фонди давлатии ҷангал, шафати шоҳроҳҳо, роҳҳо, соҳили дарёҳо ва қад-қади ҷӯйборҳо равона гардидааст.
Қабули «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» яке аз иқдоми муҳимми мамлакати мо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим арзёбӣ мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






