ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабзи сарви аризонӣ шинонида шуданд

Март 24, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии «20 — солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд беш аз 250 бех ниҳоли ҳамешасабзи сарви аризонӣ шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ба зебову сарсабз гардидани муҳити атроф месоидат менамояд. Инчунин онҳо пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, нигоҳ доштани вазъи муътадили ҳавои атмосфера, нигоҳдории тавозуни устувори табиӣ ва идоракунии оқилонаи олами набототро таъмин менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст. Тибқи он дар марҳилаи якум- солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.

«Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён дошта буданд, бо мақсади беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва қабул шудааст.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 24, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд