Доналд Трамп мардуми саросари ҷаҳонро бо Ҷашни бостонии Наврӯз табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар изҳороте, ки дар сомонаи Кохи Сафед чоп шудааст, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мардуми саросари ҷаҳонро бо Ҷашни бостонии Наврӯз табрик гуфтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар табрикоти ӯ гуфта шудааст, ки Наврӯз барои мардуми форситабор ҷашни шодмонист, ки нишони оғози баҳор ва соли нави форсӣ мебошад.
«Ин анъанаи дерина лаҳзаи андеша кардан аз баракатҳои соли сипаришуда ва омодагӣ ба баҳори дарпешистода бо руҳияи некбинии нав, мебошад», — таъкид намудааст Президенти Амрико.
Дар идома изҳор кардааст, ки мардуми форситабор бо фарҳанги барҷаста ва истеъдодҳои мумтози худ дар риштаҳои риёзӣ, илм, ҳуқуқ, фанноварӣ ва санъат дар ҷомеа саҳми зиёде доранд.
«Ман аз номи Иёлоти Муттаҳида таманниёти самимии худро ба муносибати иди фараҳбахш мерасонам. Наврӯз пирӯз», — омадааст дар табрикот.
АКС аз манбаъҳои боз








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






