Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» баргузор мегардад

Март 30, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 апрел дар  вилояти Суғд Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Форум бо мақсади рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир ва муаррифии захираю имконияти мавҷуда гузаронида мешавад.

Инчунин дар доираи форум омилҳои асосии рушди хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, ҷалби мизоҷон, менеҷмент ва идоракунӣ, мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳа ва таҳияи барномаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани самаранокии корпоративӣ баррасӣ мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 30, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст