Гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Ҷавонони деҳоти Чилгазии Исфара вохӯрӣ намуд

Март 30, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 30.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, 27 март гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Ҷавонони деҳоти Чилгазӣ мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар медиҳад, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро ба мардум фаҳмониданд.

Инчунин масъулин вобаста ба пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонанишин, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Март 30, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад