Имрӯз дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад

Март 25, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 25.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа бо иштироки 67 нафар меҳмонону варзишгарон, аз ҷумла аз Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Федератсияи Русия то 27 март доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Гӯштини миллӣ яке аз  навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш дар сатҳи баланд баргузор мешавад.

Мақсад аз баргузории мусобиқа -ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар арсаи ҷаҳон, таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни варзишгарони давлатҳо, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, тамоми намудҳои гӯштини дунё аз гӯштини миллии тоҷикӣ сарчашма мегиранд. Гӯштини миллии тоҷикӣ  дар ҳар минтақаи мамлакат  хусусияти худро дорад. Дар баъзе ҷамоату деҳоти Тоҷикистон мусобиқаҳои даставӣ ташкил карда мешаванд. Ин мусобиқот байни намояндагони ноҳияҳои ҳамсоя баргузор мешаванд. Дастае, ки варзишгаронаш бештар ғолиб мешавад, соҳиби ҷойи аввал мегардад. Барои худи паҳлавонон ин на танҳо мусобиқа, балки эҳтиром ба сарзамин, гузаштагон ва мураббиёнашон аст.

Имрӯз ҷашнҳои мардуми тоҷикро бе мусобиқа оид ба намудҳои гӯштини миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Анъанаи мусобиқаи гӯштингирӣ тақрибан 3000 сол пеш пайдо шудааст.

Аз рӯи анъана, пиронсолон бо рақобати худ гӯштингириро оғоз карда, ба ин восита ба бозигарони ҷавон фотиҳа медоданд. Баъдан кӯдакон вориди майдон мешаванд, ҳатто бачаҳои 4-5-сола низ метавонанд дар ин гуна мусобиқот иштирок намоянд.

Гӯштингирӣ аз ҷумлаи бозиҳои дӯстдоштаи халқи тоҷик буда, таърихи қадимӣ дорад. Гӯштини миллии мо бо вуҷуди таърихи куҳан доштанаш либоси ягона ва қоидаҳои муайян надошт. Барои интихоб намудани либоси ягона аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷалби тарроҳҳон, таърихшиносон ва фарҳангшиносони машҳури ҷумҳурӣ озмун эълон гардид. Ба озмун барои интихоб қариб 20 намунаи либос пешниҳод шуд.

Тарҳи интихобгашта яктаки рангҳои сабз ва сафед буда, гиребони он новобаста аз рангаш дорои шерози сурх мебошад. Камарбанди он низ сурх аст. Шалворҳои гӯштингирон ранги сафед мебошад. Гӯшаҳои чап ва рости пеши либос бо Парчами миллӣ ва рамзи Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» оро дода шудаанд. Дар пушти яктак бо ҳарфҳои англисӣ «TJK» ҳамчун рамзи Тоҷикистон навишта шуда, дар зераш тоҷ ва 7 ахтар акс ёфтааст. Дар миёнбанд ва шалвор низ рамзи федератсия дарҷ шудааст.

Бояд иброз намуд, ки либоси интихобгашта инъикосгари таърихи ниёгони мо ва рамзҳои давлатӣ мебошад. Ранги сафед рамзи музаффарияту иқболи варзишӣ ва саодату сарфарозӣ аст, ранги сабз рамзи сарсабзии миллат, оғози мавсими нави мусобиқаҳо гуфта мешавад. Ин ду ранг дар тамоми мусобиқаҳои гӯштини миллии мамлакат ва мусобиқаҳои байналмилалӣ дар тани иштирокчиён ҷило медиҳанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 25, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 26 медал шуданд
Таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Малайзия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд
Паҳлавонони тоҷик «Ulaanbaatar Grand Slam-2025»-ро бо як медали нуқра ҷамбаст намуданд
Марҳилаи якуми даврҳои омӯзишӣ оид ба барномаи литсензияи «B» идома дорад
Имрӯз мусобиқаи байналмилалии «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо оғоз меёбад
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ 2 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Малдив дар Хуҷанд баргузор мешавад
Тоҷикистон бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни духтарони то 17-соларо мизбонӣ менамояд
Пагоҳ дар Душанбе маросими қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мегардад
Намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё варзишгоҳи Турсунзодаро тафтиш намуд
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад
Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд