ҒИЗОИ СОЛИМ. Тоҷикон дар наҳорӣ кадом хӯрокҳоро омода менамоянд?
ДУШАНБЕ, 01.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли ғизои солим ва аз ҷиҳати экологӣ тоза боиси рушд ёфтани ҷисми инсон гардида, дар баробари ин ҳолати фикррониро низ беҳтар менамояд. Агар инсон дар як рӯз се маротиба ғизо хӯрад ва қисмати асосии онро субҳгоҳон ва нисфирӯзӣ истеъмол кунад, ин барои афзоиши ақлонӣ, ҷисмонӣ ва фаъолияти пурсамари организм ва таъмини он бо энергия нақши асосӣ мебозад. Саволе ба миён меояд, ки тоҷикон дар наҳорӣ кадом хӯрокҳоро бештар омода менамоянд ва онҳо ба саломатӣ чӣ фоида доранд?
Тоҷикон аз замонҳои қадим то имрӯз вобаста ба фасли сол бештар аз шир, маска, дӯғ ва тухми мурғ субҳона омода мекарданд. Зеро истеъмоли таомҳои ширӣ, маска ва аз тухми мурғ омодашуда ба саломатии инсон фоидаовар аст.
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, шир, маска ва тухм аз витамину минералҳои муҳим, сафедаҳо ва равғанҳо иборат мебошанд, ки барои рушди дуруст ва саломатии бадан зарур аст. Шир, маска ва тухм манбаи аслии калсий буда, барои қавӣ ва солим нигоҳ доштани устухонҳо ва дандонҳо муҳим аст. Ҳамзамон ба пешгирии бемориҳои дилу рагҳо низ кумак мерасонад. Истеъмоли он метавонад сатҳи холестеринро паст ва хатари бемории дилро кам намояд.
Мутаассифона, баъзе аз ҷавонзанони тоҷик имрӯзҳо бештар аз маводҳои тезтайёр, шириниҳо ва маҳсулоти гӯштӣ, асосан ҳасиб барои оилаашон субҳона тайёр мекунанд, ки ба саломатӣ чандон фоидаовар нестанд.
Тавре гуфтем, тоҷикон аз қадим таомҳои аз шир, маҳсулоти ширӣ ва аз тухми мурғ омодашударо субҳгоҳон дар наҳорӣ истеъмол менамоянд. Агар ин таомҳо фоидаовар намебуданд, магар мардуми мо онҳоро аз қадим то имрӯз ҳифз ва омода мекарданд?! Дар байни мардуми тоҷик аз қадим хӯрокҳои ширӣ, ба мисли ширчой, ширбиринҷ, ширруған, ширкаду, шавлаи башир, ширбат, ордоб, атолаи башир, тухмбирён, тухмбирён бо орд (омлет), тухмбирён бо кабудӣ, тухмбирён бо равғани зағир ва зарчӯба, тухми обҷӯшон ва ғайра маъмул мебошанд.
Ширруған
Ширруған ба ширчой шабоҳат дошта, ҳангоми пухтан ба он ба ҷои чой равғани зард илова намуда, давоми ним соат дар оташи паст мепазанд. Ширруғанро одатан дар табақи чӯбин кашида, ба он фатир ё нони гирдача реза карда, бо даст тановул менамоянд.
Тавре Корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мумина Шовалиева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ширруған як навъ хӯроки миллӣ аст, ки онро дар дег ҷӯшонида, баъд мувофиқи табъ ба он равғани маска ё зард андохта, нон реза карда мехӯранд. Ширруғанро баъзан ҳамчун хӯроки парҳезӣ низ истифода мебаранд. Дар ноҳияҳои болооби Зарафшон ин таомро дар тӯйи арӯсӣ омода карда, дар таги чодар аввал арӯсу домод, баъд ҳозирин аз он ба ҷои шарбат мечашанд.
Ширчой
Яке аз таомҳои маъмул ширчой мебошад, ки аз шир, чойи хушки сиёҳ ё кабуд ва намак омода мешавад. Ширро аввал ба дег андохта, дар ҳолати муътадил мепазанд, баъдан ба он каме шаммаи чой илова намуда, меҷӯшонанд.
Ба он мувофиқи табъ чормағз низ илова мекунанд. Зеро чормағз ғизонокии зиёд дошта, метавонад инсонро то чанд муддат сер нигоҳ дорад.
Ширчойро дар оташи нисбатан паст омода намуда, дар косаҳо кашида, ҳар кас мувофиқи табъаш ба он равғани зард ё маска илова менамояд.
Ширбиринҷ
Ширбиринҷ аз шир ва биринҷ пухта шуда, ба он каме намак илова менамоянд.
Баъди омода шудан ба табақ кашида, ба он мувофиқи табъ шакар, равғани маска, равғани зард ва ё равғани зағир ҳамроҳ намуда, истеъмол менамоянд.
Бояд иброз намуд, ки ширбиринҷ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун таоми миллӣ хеле арзишманд буда, дар бораи он ривоятҳои зиёд гуфта шудаанд.
Ширбат
Сокини 70-солаи ноҳияи Восеъ Гулҷамол Муродова, ки соҳиби 5 фарзанд ва 15 набера аст, мегӯяд, ки барои фарзандону наберагонаш пайваста ин навъи хӯрокро омода менамояд. Ӯ мегӯяд, ки ширбатро аз шир, орд, намак ва равған омода менамоянд.
«Барои омода кардани ширбат аввал ордро сурх мекунем, то сурх шудани орд онро бо кафлези чӯбин мекобем. Баъд ба он шир андохта, каме намак илова карда, дар оташи муътадил меҷӯшонем. Баъди омода шудан ба табақ кашида, ба болояш равған рехта, истеъмол менамоем».
Бояд ёдовар шуд, ки дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ширбатро атолаи ба шир ё атолаи сафедак низ ном мебаранд.
Ширкаду
Ба андешаи Гулҷамол Муродова, ширкаду таомест, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон онро омода менамоянд. Маҳсулоти зарурӣ барои пухтани ин таом шир ва каду буда, аввал кадуро тоза карда, мувофиқи завқ пора мекунем.
Баъдан онро дар об то пухтан меҷӯшонем ва сипас ба он ба қадри зарурӣ шир ҳамроҳ намуда, ба муддати 20-25 дақиқа меҷӯшонем. Ба ширкаду мувофиқи табъ шакар ё қанди сафед илова месозанд.
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷкистон ба он каме биринҷ ҳамроҳ мекунанд.
Ордбирён ё гардсӯз
«Гардсӯз низ ба мисли ширбат аз орд, равған, намак, об ва шир омода мешавад. Дар зарфи хушк аввал ордро бо каме равғани зағир ё зард то нимсӯз шуданаш бирён намуда, ба он каме об андохта, меҷӯшонанд. Баъд аз ҷӯшидан ва пурра омехта шудани орду об барои хуштаъм шуданаш ба он шир илова менамоянд. Баъзеҳо ба он ҳангоми ба коса бардоштан мувофиқи табъ равғани зағири доғшуда ҳамроҳ месозанд. Инчунин дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ордбирёнро пурра бо шир мепазанд», — гуфт сокини ноҳияи Восеъ.
Ба андешаи холаи Гулҷамол, ки чандин солҳо дар соҳаи тандурустӣ фаъолият намудааст, ордбирён асосан барои бемориҳои шамолхӯрдагӣ ва сироятӣ муфид аст. Истеъмоли он дар фасли зимистон айни муддаост.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад






