Кишоварзони вилояти Хатлон дар 124 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони вилояти Хатлон имсол дар 124,5 ҳазор гектар кишти пунбадона мегузаронанд, ки аз ин 41 ҳазор гектараш кишти зери плёнка мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ин усул ба коҳиши хароҷот ва афзоиши ҳосил мусоидат менамояд. Ҳангоми истифодаи технологияи зери плёнка ҳосилнокӣ то ба 58 сентнер аз ҳар гектар мерасад, ки нисбат ба усули анъанавӣ бештар аст.
Ҳамчунин дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷамолиддин» ва «Уралбобо»-и ноҳияи Дӯсти кишти пунбадона оғоз гардид. Хоҷагиҳо дар алоҳидагӣ 13 гектар замини корам дошта, дар 7 гектари он бо усули муосир пунбадона кишт намуданд.
Бо истифодаи технологияҳои муосир ва андешидани тадбирҳои зарурӣ имкон аст, ки дар вилоят ҳосилнокии пахта боз ҳам беҳтар шуда, бахши кишоварзӣ рушд ёбад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






