Комиссари Иттиҳоди Аврупо Йозеф Сикела: «Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ, бешубҳа, таърихист»

Март 14, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ, ки 13 март ба имзо расид, бешубҳа, шартномаи таърихӣ барои ду давлат ба шумор меравад», — гуфт 14 март дар Душанбе пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела.

Ба андешаи Йозеф Сикела, ӯ аввалин намояндаи воломақоми  Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати имзои ин санад табрик намудааст.

«Дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар доираи Стратегияи дарвозаҳои глобалӣ баррасӣ намудем», — таъкид намуд Йозеф Сикела.

Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ  тазаккур дод, ки “Тоҷикистон мамлакати дорои иқтидори бузурги захираҳои ғании инсонӣ ва ҷавонони соҳибмалака мебошад. Иттиҳоди Аврупо аз замони истиқлолияти Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун бо Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад. Барои дастгирӣ намудани Тоҷикистон  бобати рушди устувор Иттиҳоди Аврупо дар самти энергияи тоза, инфрасохтори рақамӣ ва технологияҳои “сабз” ва имконияти нав якҷоя кор менамоянд».

Таъкид гардид, ки Стратегияи дарвозаҳои глобалии Иттиҳоди Аврупо барои ин имконоти хуб фароҳам меорад.

«Ин стратегияе аст, ки сифати баланди  сармоягузориро пешбинӣ намуда, инчунин ба дастгирии малакаҳои ҷавонон, рушди маориф, тандурустӣ ва сохторҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст”, — гуфт Йозеф Сикела.

Ӯ таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон дар самти энергетика, об, иқлим, маориф ва инфрасохтор лоиҳаҳои муштаракро татбиқ намудем.

«Барои пайвастани Тоҷикистон бо ҳамсояҳо ва дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорем», — гуфт дар идома  Йозеф Сикела.

Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ  таъкид намуд, ки пагоҳ бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос мешавад.

«Бо хушнудӣ ба Президенти Тоҷикистон хабар додам, ки Директори иҷроияи Бонки сармоягузории Аврупо ба ҳайати мо дохил мебошад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар амнияти энергетикӣ ва содироти энергия саҳми босазо хоҳад гузошт», — иброз намуд Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела.

Дар идома таъкид гардид, ки барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад ба долони нақлиётии Транс-Хазар пайвандад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сафари Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела ба Душанбе созишномаҳои молиявӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва шарикон оид ба дастгирии гузариши Тоҷикистон ба энергияи “сабз” ва занҷири маҳаллии пахта ба маблағи қариб 40 миллион евро дар шакли грант ба имзо расиданд.

Йозеф Сикела инчунин таъкид намуд, ки дар самти маориф лоиҳаҳои давомнок дар бахши таҳсили касбӣ-техникӣ амалӣ мешаванд.

«Стратегияи дарвозаҳои глобалии Иттиҳоди Аврупо стратегияи шарикии муосир бо Тоҷикистон мебошад, ки ба манфиатҳои мутақобил ва ҳадафҳои муштарак асос ёфтааст»,- гуфт дар анҷом Йозеф Сикела.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 14, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ИДМ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии «TRENDS»-и Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор шуданд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии Арабистони Саудӣ «SPA» баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири корҳои дохилии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири авиатсияи граждании Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Марии Туркманистон баррасӣ гардид
Дар Женева доир ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо нишасти хабарӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Академияи дипломатии Анвар Гаргаши Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Гурӯҳи дӯстони Эътилофи тамаддунҳои СММ гардид