КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 02.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соати 12:00 дар мамлакат шумораи овоздиҳандагон 59 фоизро ташкил дод.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон баргузоргардида ҳисобида шуд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50 фоиз интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз соати 06:00-и субҳ ба вақти маҳаллӣ дар саросари Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз ёфт.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд. Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ба фаъолият оғоз намуданд.
Инчунин дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.
Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд, соати 20:00-и 2 март ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд.
Натиҷаҳои пешакии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






