МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани гиёҳи ҷағ-ҷағ ва ҷамилак иллати меъдаро рафъ ва кори дилро муътадил менамояд

Март 8, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли баҳор бадани инсон ба витаминҳо ниёзи бештар пайдо менамояд. Бо омадани баҳор дар шифохонаи табиат барои инсонҳо гиёҳу растаниҳои фоидаоваре месабзанд, ки онҳоро метавон ҳамчун маҳсули давоӣ ва ғизоӣ истифода бурд. Гиёҳи ҷағ-ҷағ ва ҷамилак низ аз ҷумлаи ин гуна растаниҳоянд, ки аз ҷониби кадбонуҳо ба таври маъмул истифода шуда, мавриди писанди хосу ом қарор гирифтаанд.

Ҷағ-ҷағ гиёҳи яксолае аст, ки ба оилаи карам мансуб буда, моҳҳои март-май мешукуфад ва дар моҳҳои апрел-июл мева медиҳад (мевааш дона аст). Баргҳои навкӯфтаи ҷағ-ҷағро барои ғизо истифода мебаранд. Аз баргаш самбӯса тайёр менамоянд. Онро ба хӯришҳои сабзавотӣ ва хӯрокҳои гуногуни моеъ илова менамоянд. Баргҳои ҷавону нозуки ҷағ-ҷағ ба хӯришҳо бӯйи хуш, тундӣ ва хушбӯйӣ мебахшанд.

Баъди се моҳи зимистон, вақте ки организм ба витаминҳо, кислотаҳои органикӣ, моддаҳои минералӣ, ферментҳо ва дигар витаминҳои манфиатовар эҳтиёҷ пайдо менамояд, барои хӯрок барги ҷавони ҷағ-ҷағро истифода бурдан хеле муҳим аст. Аз баргҳои ҷавони растаниҳое, ки дар аввали баҳор мерӯянд, ҳамчун моддаҳои фаъоли биологие, ки барои организм зарур мебошанд, истифода бурдан хеле муҳим аст. Ҷағ-ҷағ иштиҳо меорад, ҷудошавии шарбати меъдаро беҳтар менамояд, таъсири сабуки исҳолкунанда ва балғамбарор дорад.

Қисмати рӯизаминии ин гиёҳ қанд, флавоноидҳо, кислотаҳои органикӣ, равғани эфирӣ, витаминҳои С, V2 ва К, каротин, инозитол, холин, атсетилхолин ва дигар моддаҳоро дар бар мегирад. Тухми он то 28% равған ва миқдори ками гликозиди синигрин дорад.

Бояд гуфт, ки растании ҷағ-ҷағ аз замонҳои қадим дар тибби халқӣ барои муолиҷаи касалиҳои гуногун васеъ истифода мешуд. Абӯалӣ ибни Сино ҷағ-ҷағро асосан барои хунравиҳои гуногун (бачадон, меъда, шуш, гурда, бинӣ ва хунравии захмҳо, бавосир) тавсия додааст. Барои боздоштани хунравӣ аз захмҳо барги ҷавони растаниро кӯфта, ба ҷойи хунравӣ мемоланд.

Дар таркиби ин гиёҳ туршиҳои органикӣ, витаминҳои С ва К ва равғани эфир мавҷуданд. Қиёми ҷағ-ҷағро барои нигоҳ доштани хунравии узвҳои дарунӣ истифода мебаранд. Ҳоло бо доруҳои аз ҷағ-ҷағ тайёршуда беморони гирифтори фишорбаландӣ ва гурда табобат карда мешаванд.

Баргу пояи ҷағ-ҷағро охирҳои моҳи апрел ғундошта, дар соя хушконида, сипас кӯфта гирифтан зарур аст. Барои табобати фишорбаландӣ ба 0,5 литр оби ҷӯшонида 2-2,5 қошуқ ҷағ-ҷағи кӯфтаро андохта, 7-8 соат дам карда мемонанд ва баъд онро аз дока мегузаронанд. Ҳар рӯз 3-4 бор бояд аз он 1-2-қошуқӣ истеъмол намуд.

Ҷамилак давои дарди гулӯ ва дилбеҳузурӣ аст

Гиёҳи дигаре, ки истифодаи он аз манфиат холӣ нест, ин растании ҷамилак ё бодранҷбуя, пудинаи кӯҳӣ, фаранҷмушк ва гиёҳи маъмул аст. Ҷамилак аз 15 то 45 см қад мекашад. Моҳҳои май – август гул карда, июл ва сентябр мева мебандад.

Буқрот ва Абӯалӣ ибни Сино ҷамилакро барои муолиҷаи захмҳо истифода бурдаанд. Дар тибби халқии тоҷикон ҷӯшоби барги ҷамилак дар мавриди бемориҳои гулӯ, иллати узвҳои меъдаву рӯда, дилбеҳузурӣ ва дигар амроз истифода мешавад. Чойи гулу барги ҷамилак давои иштиҳоовар, пешоброн ва арақрон аст.

Нақеъи (маҳлули) ҷамилакро барои тақвияти кори дил, ҳангоми ғалаёни хун, заъфи асаб, амрози меъдаву рӯда, исҳол ва бемориҳои рӯдаи ғафс истифода мебаранд. Марҳами баргу гули ҷамилакро ба захму омосҳо мебанданд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки аз касалиҳои пӯст азият мекашанд, метавонанд бо ҷӯшоби ҷамилак оббозӣ намоянд, ки ин аз манфиат холӣ нест. Дар тибби муосир доруҳои аз ҷамилак тайёршударо барои муолиҷаи ғалаёни хун, атеросклерози баъдисактавӣ ва дигар бемориҳои дилу рагҳо, инчунин ҳангоми заъфи меъдаву рӯда (дарди меъда, дилбеҳузурӣ, заъфи иштиҳо) тавсия медиҳанд.

Ба тавсияи табибони халқӣ, агар ҷамилакро бихӯранд, фараҳ меоварад, гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд, узвҳои даруни шикам ва синаро қувват мебахшад, бӯйҳои бадро аз бадан дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон месозад, кирмҳои шикамро хориҷ мегардонад.

Барои равон кардани пешоби бандшуда ва ҳайз ҷамилакро дар об ҷӯшонда, дар он об то ноф даромада нишинанд, кофӣ аст. Тавре дар китоби «Канзи шифо» омадааст, агар кӯфтаи ҷамилакро бо шароб фурӯ баранд, қай ва беҳузур шудани дилро таскин медиҳад. Кӯфтаи онро бо чой ё об фурӯ баранд, барои дарди узвҳои даруни сина ва меъда, варами ҷигар ва сипурз даво мешавад ва агар бо асал бихӯранд, газидани каждумро безарар мегардонад.

Бино ба тавсияи мутахассисон, ҷамилакро дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд, оруғ ва чакмезакро нест мекунад, санги масонаро майда карда мерезонад ва арақи бадбӯйро ислоҳ менамояд.

Ҷамилакро кадбонуҳои мо дар хӯрокҳояшон низ ба таври васеъ истифода мебаранд. Он дар умоч- хӯроки қадимаи тоҷикон истифода мешавад. Ҳангоми тайёр намудани умоч аз гиёҳҳои гуногуни тар ва ё хушккардашуда истифода бурдан мумкин аст. Ин хӯрок хосияти тоза намудани меъдаю рӯдаҳоро дорад, дамиши шикамро паст ва ҳазмкуниро осон менамояд. Истеъмоли умоч ҳангоми дарди сар, бемории зуком, набудани иштиҳо, мондашавӣ ва беҳолӣ фоидабахш аст. Барои омода намудани ин хӯрок аввалан каме ордро гирифта, бо об омехта карда, молиш медиҳанд ва ё каф мезананд, то ки он ба монанди доначаҳои биринҷ шавад, ки онро умоч ё умочак мегӯянд. Умочи молидашударо гирифта, алоҳида мемонанд. Дар дег об, нахӯд, гиёҳи тар ё хушки шибит, пудина, райҳон, ҷамилак ва намак андохта, онро то пухтани нахӯд меҷӯшонанд. Баъд аз он ба деги ҷӯшидаистода умочи пешакӣ тайёр кардаро андохта, 3-4 дақиқаи дигар меҷӯшонанд. Сипас умочи пухташударо ба табақи чӯбин рехта, ба он дуғ ё ҷурғот, гашничи сабз ва қаламфур илова намуда, мехӯранд.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 8, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли занбурӯғ раванди пиршавиро ба таъхир андохта, ба ҷавону зебо мондан мусоидат менамояд
Мумина Шовалиева: «Растаниҳои худрӯйи Тоҷикистон дар фасли баҳор ҷузъи ҷудонашавандаи таомҳои миллӣ мебошанд»
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Доктори илмҳои биологӣ, профессор Фирӯза Носирова дар рушди илми биология дар Тоҷикистон саҳми назаррас дорад
«МОДАР ВАТАН АСТУ ХУД ВАТАН МОДАРИ МОСТ!». Зан-Модар дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад
Занону модарони тоҷик тақдирсоз ва таърихсоз мебошанд
Нақши занон дар хизмати давлатӣ барои рушди ҷомеа ва давлат аҳамияти бузург дорад
Гурдофарид рамзи паҳлавонию ҷасорати Зан-Модари тоҷик дар «Шоҳнома»-и Абдулқосим Фирдавсӣ аст
Модарон мураббию роҳнамои наслҳо ва инсонҳо мебошанд
Рӯзи Модарро дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо чӣ гуна ҷашн мегиранд?
Иқдоми Пешвои миллат дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ кафили рушди устувори бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя мебошад