Нақши занон дар хизмати давлатӣ барои рушди ҷомеа ва давлат аҳамияти бузург дорад
ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва мақоми онҳо дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат таъмини баробарии мардон ва занонро дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа амалӣ менамояд. Инчунин ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, фаъолияти соҳибкорӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Таҳкимии ҳуқуқҳои занон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ пеш аз ҳама аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Тибқи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Идомаи мантиқии он бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо» ифода ёфтааст. Ҳамчунин барои ҷалби занону духтарон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» қабул гардид.
Ин санадҳо бо мақсади ба 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон татбиқ мешаванд. Иҷрои онҳо дар мамлакат давра ба давра таъмин мегардад.
Дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам намудани ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ дар се даҳсолаи охир натиҷаҳои самарабахшро бар бор оварданд.
Имрӯз занони тоҷик дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа – сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг, маориф ва тандурустӣ иштироки фаъолона доранд. Онҳо дар рушду пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд, бо ташаббусҳои созанда ва неруи ақлонию ҷисмонии худ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа нақши созгор доранд.
Дар низоми судии мамлакат занону духтарон ба ҳайси раиси суд, муовини раиси суд, судя, хизматчии давлатӣ ҳамчун роҳбарон ва қабулкунандагони қарорҳои муҳим фаъолият доранд.
Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки дар давлатҳое, ки занон дар хизмати давлатӣ фаъолона иштирок менамоянд, сатҳи коррупсия пасттар аст. Стереотипҳои гендерӣ дар ҷомеа аз байн мераванд ва имконияти таъмини муовозинати гендерӣ ба миён меояд. Имконияти дарёфт ва муайян намудани кадрҳои баландихтисос ва лаёқатманд аз ҳисоби занону духтарон бештар ба назар мерасад. Онҳо метавонанд бо ташаббусҳои созандааашон дар ташаккули низоми идоракунии давлат саҳм гузоранд.
Занони тоҷик бо дилу нияти пок ба сӯйи шукуфоии ин диёри маҳбуб роҳи адолатро пеша менамоянд. Дар баробари ин, бо садоқатмандӣ ва ҳалимию меҳрубонӣ вазифаи зан – модари тоҷикро бар дӯш доранд, ки боиси таҳсину офарин аст.
Дар ин замина метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафтаи дунё дар таҳкими қонунгузории давлат вобаста ба таъмини баробарии гендерӣ ва ҷалби занон ба идораи корҳои давлатӣ диққати ҳамаҷониба равона намуда, қонунгузории марбутаро вобаста ба талаботи замон доим такмил медиҳад.
Занони тоҷик хушбахттарин нафароне мебошанд, ки аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои зарурӣ бархурдор буда, давлат кафолати онҳоро дар сатҳи қонунгузорӣ таъмин намудааст.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳамаи занон баробари хизмати давлатӣ бо садоқатмандӣ ба ватани азиз фаъолият намуда, ҳамчун модар низ фарзандони поктинат, ватандӯст ва фарзона тарбия менамоянд.
Нақши занон дар хизмати давлатӣ барои рушди ҷомеа ва давлат аҳамияти бузург дорад. Иштироки фаъолу натиҷабахши онҳо омили пешрафт ва шукуфоии ҷомеа мебошад.
Шаҳноза БОБОЕВА,
ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳноза СОДИҚЗОДА,
мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олӣ
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд






