Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бошукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 март сокинони ноҳияи Мастчоҳ Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, меҳмонон бо намоиши хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, варзиш ва маориф шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки Наврӯз рамзи эҳтиром ба табиат, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстона ва қаробату ҳамдигарфаҳмӣ байни халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Ин ҷашни зебои табиӣ дар раванди рушди таърихӣ бо ҳикмату фалсафаи инсонпарваронааш ба тамаддуну фарҳангҳои дигар таъсири амиқ расонида, аз ҷониби халқу миллатҳо тадриҷан пазируфта шудааст.
«Наврӯз ва расму ойинҳои наврӯзӣ дар тӯли мавҷудияти беш аз шашҳазорсолаи хеш ҳамчун сарчашмаи муҳими ахлоқиву тарбиявӣ барои дар руҳияи бунёдкориву созандагӣ, таҳаммулгароӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, дӯстию рафоқат, ҳамзистӣ ва некиву накукорӣ тарбия намудани инсоният хизмат намуда, фарҳанги миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст», — тазаккур дода шуд дар чорабинӣ.



Иброз гардид, ки Наврӯз на танҳо оғози сол ва фасли зебои баҳор, балки рамзи умед ба ояндаи нек, фардои дурахшон ва зиндагии пурсаодат аст. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо сол ба сол ободу шукуфон гардида, ноҳияи Мастчоҳ низ дар самти рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Дар фарҷом барномаи рангини консертӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ











Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






