Наврӯзи оламафрӯзро дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ботантана таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалии оламафрӯз бо шукуҳу шаҳомати хоссаи баҳорӣ ва бо анъанаҳои миллии наврузӣ ҷашн гирифта шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Дар оғоз меҳмонон бо хонҳои наврӯзии оростаи факултету идораҳо ва Литсейи инноватсионии назди донишгоҳ ва анъанаву расму оинҳои миллии хоси Наврӯзи шинос шуданд.
Ректори Донишгоҳ Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунё аст, ки бо фарорасии хеш аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист.
Имрӯзҳо Наврӯзро дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Эрон, Гурҷистон, Македония, Туркия, Муғулистон ва бархе аз давлатҳои дигар дар сатҳи давлатӣ ҷашн мегиранд.
Дар робита ба ин ҷашн як зумра устодону омӯзгорон бо ҷоизаю мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангӣ-фароғатии базми наврӯзӣ шеъру сурудҳо дар васфи Ватану Наврӯз ва Тоҷикистон қироат карда шуда, ансамбли «Зуҳал» бо сурудҳои дилнишин хотири меҳмонону иштирокдоронро шод гардонид.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






