Протокол оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон маросими имзои 16 санади дуҷониба доир гардид.
Аз ҷумла, байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон Протокол оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиётӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.
Ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ин санадро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расониданд. Ҳадаф аз имзои ин санад таҳкими ҳамкории гумрукӣ мебошад.
Имзои санадҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Қирғизистон на танҳо иқдоми расмӣ, балки бозгӯи эҳтиром ва дӯстии амиқи ду давлати бародар мебошад. Он қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон маҳсуб мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






