Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад

Март 7, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили пуршукуҳи ин ҷашнро ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату роҳбарияти мамлакат нисбат ба занон-модарони гиромӣ маънидод намуданд.

Баъд аз анҷоми ин чорабинӣ ва барномаи консертӣ, ки ба васфи истиқлолу озодӣ, ватандӯстӣ ва мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа бахшида шуда буд, бархе аз занон таассуроти худро иброз доштанд.

Корманди Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Фотима Исматзода иброз дошт, ки «имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамари занону духтаронро дар соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорӣ махсус таъкид намуданд. Сарвари давлат изҳор намуданд, ки шумораи умумии кормандони низоми бонкии мамлакат ҳоло 21 ҳазор нафар мебошад, ки 8,5 ҳазор нафар ё 41 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Фотима Исматзода тазаккур дод, ки «занон имрӯз дар рушди низоми бонкӣ нақши муҳим доранд. Онҳо на танҳо ҳамчун мутахассисони соҳа, балки ҳамчун роҳбарон ва сиёсатгузорон низ фаъолият доранд. Сиёсати давлатии мо, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, барои ҷалби бештари занон ба соҳаи бонкдорӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст».

Мусоҳиби дигари мо корманди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саёҳат Шарифова мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иброз менамоянд, ки занон бояд дар ҳамаи бахшҳои ҷомеа, бахусус дар иқтисод ва молия, саҳми фаъол дошта бошанд. Имрӯз дар тамоми вазорату идораҳои давлатӣ шароити хуб барои фаъолияти занон муҳайё шудааст ва шумораи онҳо дар ин соҳа рӯ ба афзоиш аст. «Бояд таъкид намоям, ки шунидани суханронии Президенти мамлакат ба ман хеле илҳом бахшид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мақоми зан дар ҷомеа барои давлат аҳамияти бузург дорад ва мо, занон бояд дар рушди мамлакат ва муҳофизати арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон имконоти фароҳамшуда барои занон боз ҳам васеъ ва гуногун мебошанд».

Саодат Ҳисайнӣ, муовини сардори раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиши Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки низ иштирокчии ин ҳамоиши бошукуҳи фарҳангӣ ва маърифатӣ буд, изҳор намуд, ки «имрӯз ман чун як зан аз шаҳрванди Тоҷикистон буданам ифтихор менамоям. Мақоми зан дар ҷомеа набояд маҳдуд ва ё нигаронида ба корҳои хонавода бошад, балки мо метавонем дар ҳар соҳа фаъолият кунем ва дар пешрафти мамлакат саҳм гузорем. Ин ҳамоиш имрӯз ба ман на танҳо эҳсоси ифтихор, балки масъулияти бештар бахшид. Мо бояд ҳама барои рушду ободии Ватан саъю кӯшиш кунем ва аз имконияти фароҳамовардаи давлату ҳукумат ба таври шоиста истифода намоем».

Бояд тазаккур дод, ки ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, занону духтарони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодӣ, иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз намудаанд.

«Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона иштирок менамояд ва дар бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад»,-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дастгирию ғамхорӣ ва тадбирҳои созандаи баланд бардоштани мақоми занонро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.

Пайрав ҚОСИМ,
Тоҳирҷон САИД (АКС)

АМИТ «Ховар»

Март 7, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»