Таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд

Март 27, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ дар соҳаи энергетика дар  мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Асад Маҷид Хон дар Душанбе  баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақа бо назардошти рушди энергияи таҷдидшаванда ва иқтисоди «сабз» аҳамияти калидӣ дорад.

Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи обу иқлим шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.

Вазири энергетика ва захираҳои об Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷидро барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар охир ҷонибҳо иқдом намуданд, ки ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи энергетикаро минбаъд низ тақвият диҳанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд