Табибони Тоҷикистону Чин ҳамкории илмию таълимиро тақвият мебахшанд

Март 25, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 25.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо Донишгоҳи тиббии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориро тақвият бахшида, лоиҳаҳои муштарак ва тадқиқоти илмиро амалӣ менамоянд. Ин масъала зимни вохӯрии директори Пажӯҳишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Баҳром Саидзода бо ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи тиббии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ  гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ аҳамияти таҳкими робитаҳои илмӣ ва мубодилаи донишҳои нав таъкид шуд. Изҳор гардид, ки ҳамкории байналмилалӣ дар пешбурди илм ва такмили малакаҳои касбӣ нақши муҳим дорад.

Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ба рушди усулҳои муосири ташхис ва табобат, инчунин тарбияи мутахассисони баландихтисос машғул  мебошад. Пажӯҳишгоҳ  дорои озмоишгоҳҳои муосир ва таҷҳизоти тиббӣ аст.

Намояндагони Донишгоҳи тиббии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо таърихи таъсис, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  шинос шуданд.

Намояндагони Донишгоҳи тиббии Синзян барои таҳким бахшидани  робитаҳои илмию таълимӣ, инчунин ҷиҳати таҳияи барномаи рушди ҳамкорӣ  дар оянда изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

Март 25, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд