Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок менамояд

Март 26, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Осакаи Ҷопон 13 апрели соли равон Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 ба кор оғоз менамояд, ки дар он 161 давлати  ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 созмони байналмилалӣ иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намоишгоҳ зери шиори «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо» доир шуда, Тоҷикистон мавзуъҳои «Наҷоти ҳастӣ» ва «Пайванди ҳастӣ»-ро бо назардошти иқдом ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ интихоб намудааст.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини иштироки сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон фаъолият дорад.

Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 баргузор мегардад ва онро беш аз 28 миллион нафар тамошо менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 26, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд