Занону модарони тоҷик тақдирсоз ва таърихсоз мебошанд

ДУШАНБЕ, 08.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз давраи пайдоиши ҷамъияти инсонӣ яке аз мавзуъҳое, ки аҳли қалам ба он бештар таваҷҷуҳ намудаанд, васфи Модар аст. Зеро модар барои ҳама азизтарин ва бузургтарин инсон ба шумор меравад. Пайғамбарон, давлатмардон, сарлашкарон, олимону шахсиятҳои шинохтаи ҷамъият ҳама модар доштанду онҳоро модар ба дунё овардааст. Табиист, ки кулли онҳо модари худро дӯст медоштанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоварданд.
Бо вуҷуди тарбияи фарзанд, ки машаққату вақти зиёд талаб менамояд, модарон боз ба шуғлҳои дигаре, монанди кор дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ машғул мешаванд. Имрӯз байни омӯзгорон, табибон, муҳандисон, олимон, шоирон ва ходимони давлатӣ модарон кам нестанд. Модарони мо бори гарони тарбияи фарзанд, рӯзгордорӣ кадбонуи хона ва дар айни ҳол фарди фаъоли ҷамъиятӣ буданро бар дӯш доранду аз уҳдаи он ба хубӣ мебароянд.
Дар ҳамаи давру замонҳо модарон соҳибэҳтиром буданд, шавҳарон, шоҳон, сарлашкарон, бузургони илму маърифат ба фикру андешаҳои онҳо гӯш медоданд. Давоми таърих борҳо шудааст, ки фикру андешаҳои солими занон ва модарон чандин сарҳои сабзро аз дор раҳоӣ бахшидаю тарафҳои даргирро ба ҳам овардаанд. Модарони мо имрӯз олим, номзад, доктори илм, деҳқону ронанда, коргардону ҳунарманд, ҳофизу ровӣ ҳастанд ва аз мардон қафо намемонанд.
Модар дар куҷое кор накунад, чӣ гуна мақому манзалати болою волое дар ҷамъият надошта бошад, боз дар хонадони худ, дар назди шавҳар ва фарзандон симои меҳварӣ буда, соҳибэҳтирому соҳибмақом аст. Тарбиятгари марказии оила буда, ҳамаи аъзои оила сухану андешаҳои ӯро қадр ва иҷро менамоянд.
Зан-модар ҳам дар хона ва ҳам дар ҷои кор мавқеи фаъол дошта, фазои муайяни тарбиявӣ ба вуҷуд меорад. Мардон дар ҳузури зан одатан кӯшиш менамоянд, ки беинтизомӣ ё дағалӣ накунанд. Меъёрҳои муайяни одобро нисбат ба зан-модар риоя намоянд. Занҳо бо ҳузури худ ба беҳтар шудани ахлоқ дар ҷамъият ва оила мусоидат менамоянд.
Модарон- арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорӣ
Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорӣ мебошанд. Зеро онҳо меҳрубонтарин инсонҳои рӯи олам, дилсӯзу бахшандаанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгирӣ менамоянд. Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё- фарзанд ба дунё меорад. Бузургии зан, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин нигаҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва ба давлату миллати худ хизмат менамояд.
Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Агар ободию суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар хусусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Кам нестанд заноне, ки дар замони худ дар роҳи ҳифзи Ватан кӯшишҳои зиёде нишон додаанд, давлатҳоро идора намудаанд, фарзандони содиқ тарбия карда, ба ин восита дар рушду таҳкими давлатҳою миллатҳо саҳм гузоштаанд. Баъди вафоти Искандари Мақдунӣ- занаш Рухшона- духтари ҳокими Бохтар Оксиарт ҳамроҳи писари хурдсолаш Искандари Чорум то соли 311-и пеш аз милод империяи ташкилнамудаи Искандарро идора намуд. Байни ҳамсафони Искандари Мақдунӣ барои ба даст овардани ҳокимият муборизаи беамон давом мекард. Душманон соли 311 то милод Рухшона ва писари 12-солаи ӯро заҳр дода, ба қатл мерасонанд.
Муғулони истилогар дар қатори ғаниматҳои зиёде занҳоро низ ба Муғулистон бурданд. Дар байни онҳо Фотимаи Хуросонӣ ҳам буд. Фотима илоҷе карда, ба дарбори хони бузург Уктой роҳ меёбад ва дар дарбор нуфузи калон пайдо менамояд. Соли 1241 Уктой вафот мекунад ва Фотимаи Хуросонӣ қариб чаҳор сол ҳамроҳи зани Уктой империяи паҳновари муғулҳоро идора намуд. Андешае роиҷ аст, ки маҳз бо ибтикори Фотимаи Хуросонӣ ба таъсиси давлати Куртҳо иҷозат дода шуд. Ин зани шуҷою бохирад дар соли таъсиси давлати Куртҳо (1245) ба қатл расонида шуд. Давлати Куртҳои Ҳирот нахустин давлати маҳаллӣ дар аҳди муғулҳо буда, давлати тоҷикон буд, ки соли 1381 аз ҷониби амир Темур барҳам дода шуд.
Тоҷикон дар қадим Иди занон-«Муждагирон» доштанд
Олим ва мутафаккири бузург Абӯрайҳони Берунӣ дар самти омӯзиши урфу одатҳои аҷдодони тоҷикон пажуҳишҳои зиёде анҷом дода, ба чунин хулоса меояд: «Дар қадимуззамон тоҷикон-форсҳоро расми ҷашнгирии занонашон будааст». Бино ба маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ, аҷдодони мо ҷашни занонро дар моҳи исфандормаз мутобиқ ба моҳҳои февралу март ҷашн мегирифтаанд.
Абӯрайҳони Берунӣ менависад: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст ва ҳанӯз ин расм дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (яъне сарзамини паҳновари тоҷикону форсизабонон дар замони Берунӣ) боқӣ мондааст, ки онро «Муждагирон» мегӯянд». Аз қадим, яъне тақрибан 2500–3000 сол пеш аз ин то асри XӀӀ ин ҷашн боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим, ки ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе аз олимон тахмин кардаанд, ки он расму ойин ба он ҷо аз Эрони бостон, яъне аз аҷдоди халқҳои ориёии мо рафтааст.
Пас моро зарур аст, ки ҷашни миллии аз хотираҳо рафтаи худ–Иди занон («Муждагирон»)-ро эҳё намоем. Гумон меравад, ки дар таърих дигар мардуме вуҷуд надорад, ки ба ин қадимият аз ҷашнгирии занонашон маълумоте бошад. Бешак, чунин ҷашн хеле бузургу боарзиш аст, зеро пояи асосии пойдорӣ ва оромии ҷамъият бемуҳобо вобаста ба зан аст. Мардуми ҷаҳон бояд бидонад, ки аввалин муассисони чунин ҷашни зебо киҳо будаанд, яъне падарони арҷманди мо буданд дар давлати муқтадири ориёиҳо- Ҳахоманишиён, ки қариб нисфи ҷаҳонро беш аз 200 сол дар ихтиёр дошт ва ба ин восита он ҷашнро барои тамоми мамолики тобеи худ ба мисли ҷашни Наврӯз умумӣ гардонида буд.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ- фарогири тасвири симои 60 зан
Аз модарони шуҳратманди «Шоҳнома» метавон Фаронак, Синдухт, Рӯдоба, Таҳмина, Гурдия, Ҷарира, Фарангис, Катоюн ва модари Искандарро ёд кард.
Ҳакими Тӯс дар намунаи ин чанд қаҳрамони асар ақлу хиради зан ва кордонии ӯро пеши назар гузошта, руҳияи зан-модарро то андозае омӯхта, ки аз душвортарин муаммоҳо ба осонӣ раҳоӣ меёбад. Шоир ба иродаи мустаҳками модарон ва умуман инсонҳои соҳибхирад ишора карда, ташаккули шахсияти инсонро дар омезиши ақлу хирад ва маҳорату истеъдод таъкид менамояд. Модарони офаридаи Фирдавсӣ шахсони мушфиқу меҳрубон ҳастанд, ки аз нокомиҳои фарзандон месӯзанд ва нисбат ба тақдири онҳо бетараф нестанд. Ин ҷо метавон аз модари Рӯдоба ёдовар шуд, ки тавонист бо ақлу хиради хеш духтарашро ба мақсад бирасонад ва бо Зол хонадор кунад. Яъне, дар нигориши шоир Синдухт зани ботадбир аст ва дар ҷомеаи онрӯзаи падарсолорӣ тасвир намудани ҷуръату мардонагии зан аз побанди ҷаҳлу ҷоҳилияти замони худ набудани Фирдавсӣ дарак медиҳад. Бино ба гуфтаи Зайнаби Яздонӣ, «.. заноне, ки дар «Шоҳнома» ҳамоса меофаранд, камтар аз мардон нестанд. Дар воқеъ, аз лиҳози ҷинсӣ бо мард фарқ доранд, аммо аз лиҳози руҳӣ ва шуҷоату вафодорӣ чун мардон устувор ва побарҷо ҳастанд». Аммо Маҳмуди Ибодиён дар ин андеша аст, ки «… занони «Шоҳнома» пеш аз он ки ашхоси ҳамосӣ бошанд, зан ҳастанд. Онҳо эҳсосу отифаи зан буданро аз даст надодаанд».
Дар маҷмуъ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ фарогири тасвири симои 60 нафар зан мебошад. Аз ин миён аксари онҳо номҳои зебои Фарангис, Фаронак, Ҷарира, Гурдофарид, Синдухт ва дигаронро доранд. 35 нафар аз табори шоҳӣ, 25 нафар аз табақаи поён ҳастанд ва тимсоли занон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ тақрибан 16,6 фоизи кулли образҳоро ташкил медиҳад.
Мақому манзалати занону модарон дар мамлакати мо дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беш аз пеш баланд гардид. Аз ҳамин ҷост, ки занону духтарони мо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар паҳлуи мардон истода, дар пешрафт ва шукуфоии Ватан саҳми шоиста мегузоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз намуданд, ки минбаъд низ мақоми занон дар ҷомеаи мамлакат баланд бардошта, мавқеи онҳо дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ карда мешавад. Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки «имрӯз беш аз 110 ҳазор занону духтарони мамлакат ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намудаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози татбиқи квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 духтар муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм намуданд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор занону духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд».
Тавре Сарвари давлат зимни суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Зан-модари тоҷик давоми таърихи дароз дар тақдири ин миллат нақши носутуданӣ гузоштааст. Мо бояд ҳамеша саногӯи модароне бошем, ки Куруши Кабир, Рӯдакию Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва дигар нобиғагони илму сиёсати сатҳи ҷаҳониро таваллуд намуда, ба воя расонидаанд. Сано бодо ба модари тоҷик!
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»