35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд мешавад

Апрель 15, 2025 16:21

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ва дар беморхонаи марказӣ бинои иловагӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва мутобиқ набудани он ба талаботи замони муосир бунёд мешавад. Ин бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои таълиму тарбияи 1224 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Спитемен буда, бо саҳми шахсони саховатманд, соҳибкорон ва ташаббуси кумитаи падару модарон сохта мешавад. Дар айни замон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 612 хонанда таҳсил доранд.

Дар ноҳияи Спитамен инчунин сохтмони бинои иловагии беморхонаи марказӣ идома дорад. Бинои иловагӣ бо саҳми соҳибкорон ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Апрель 15, 2025 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд