Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 2,7 миллиард сомонӣ расонида шуд

Апрель 15, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти омории вилояти Хатлон, дар семоҳаи якуми соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ расонида шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  104,2 фоиз, яъне  205,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус 14 апрел зимни баргузории ҷаласаи Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.

Дар ин давра маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 1,7 миллиард сомонӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ 479,8 миллион сомонӣ, гардиши савдои чакана 4,9 миллиард сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ 704,0 миллион сомонӣ таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   555,9 милллион сомонӣ зиёд мебошад.

Сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аъзамҷон Чиллазода иброз намуд, ки мувофиқи маълумот бо назардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилоят иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 101,5 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 101 фоиз таъмин гардид. Аз ин ҳисоб ба буҷет ба ҷои 643,1 миллион сомонӣ нақшаи пешбинишуда 648,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 5,1 миллион сомонӣ ва назар ба ҳамин давраи соли 2024  100,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои дигаре, ки таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ин пардохти саривақтии маблағҳои пешбинишудаи коммуналӣ ва роҳ надодан ба пайдоиши қарз дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мебошад.

АКС: Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

 

 

Апрель 15, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд