Ҳамкории минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калинингради Русия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Калинингради Федератсияи Русия сафар намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар доданд, дар доираи сафар Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград Алексей Беспрозванних мулоқот намуд.
Ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Калининград дар соҳаҳои иқтисод, савдо, саноат, маориф, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Дар зимн ҷонибҳо перомуни имконияти бастани созишномаҳо байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград ибрози назар намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Москва








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






