Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нақшаи даъвати баҳориро иҷро намуданд

Апрель 2, 2025 08:47

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, хусусан ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ ба таври ихтиёрӣ бо амри дилу виҷдон азми хизмати Ватан-Модар намуда, 1 апрел- дар нахустин рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ботантана ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки «аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд. Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигарон, ки хушбахтии комили мардумро дар мавҷудияти Ватан дидаву барои ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, барои насли ҷавони имрӯз тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандӯстӣ мебошанд».

Таъкид гардид, ки нахустин рӯзи ҷалб ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъват дарак медиҳад.

Ба ҷавонон гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан – Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ буда, роҳбарияти мамлакат барои адои хизмати ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст.

Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтихори баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва ҳоло маъракаи даъват ба чорабинии завқбахш, хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастани  ҷавонон падидаи сурурбахш буда, нишонаи он аст, ки ҷавонони мо ба ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва таҳкими сулҳу осоиштагӣ ҳаматарафа омода мебошанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, бахусус таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохторҳои низомии мамлакат тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Апрель 2, 2025 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад