Ба сокинони шаҳри Роғун риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти истифодаи самараноки неруи барқ фаҳмонида мешавад

Апрель 30, 2025 14:41

РОҒУН, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо иштироки роҳбарони шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассиса, масъулини шабакаҳои барқ, нозирони минтақавӣ, шурои маҳаллаҳо ва ходимони дин машварати корию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  хабар доданд.

Зимни машварат Раиси шаҳри Роғун, прокурори шаҳри Роғун, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи  Рашт ва сардори шабакаи барқи шаҳр вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи энергетика ва истифодаи неруи барқ, инчунин пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ дар ҳар оила ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи неруи барқ аз ҷониби сокинон сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки дар кишварҳои хориҷӣ сари вақт ва пурра пардохт намудани ҳаққи истифодаи неруи барқ ва хизматрасониҳои коммуналӣ барои шаҳрвандон қарзи виҷдон ва рисолати инсонӣ маҳсуб мешавад. Зеро онҳо хуб дарк намудаанд, ки дар ҳолати аз ҷониби истифодабарандагон сари вақт пардохт нашудани ин маблағ хизматрасонӣ дучори мушкилӣ мегардад. Аз ин рӯ ҳар сокини шаҳри Роғун ва  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бояд масъулияти баланди инсонӣ нишон дода, сари вақт маблағи истифодаи барқро пардохт ва онро самараноку дуруст истифода намоянд.

Дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дуруст ва самаранок истифода бурдани неруи барқ,  расонидани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҷиноятӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт мунтазам дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  машварати корӣ, ки  25 апрел дар Қасри миллат бо иштироки  масъулини сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика доир гардид,  таъкид намуданд, ки талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар мамлакат ташвишовар мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика, хусусан комилан беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ба аҳолии мамлакат ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳимму ногузир вазифагузорӣ намуданд.

Роҳбари давлат ба масъулини соҳа дастур доданд, ки бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа моҳияти муқаррароти қонунгузории навро вобаста ба вазнинии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ истифода намудани неруи барқ ба таври васеъ ба ҳар оилаи ҷумҳурӣ мушаххас фаҳмонанд.

Тавре таъкид гардид, ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзӯр карда шудааст. Аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст.

Бо ин мақсад дар Тоҷикистон Агентии назорати энергетикӣ таъсис дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Апрель 30, 2025 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин мулоқот намуд
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
Милитсияи шаҳри Душанбе беш аз 160 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандонро ошкор намуд
Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ гардид
Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад
ТАРМАФАРОӢ. Дар Тоҷикистон фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд