Бахшида ба Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти астрофизика конференсия доир шуд

Апрель 8, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.

Дар ҳамоиш маърузаҳои илмӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни илми астрономия шунида шуданд. Аз ҷумла, мавзуъҳои «Тақвимҳои қадимӣ дар асоси мушоҳидаҳои мавқеи Офтоб дар болои уфуқ», «Омӯзиши фаъолнокии ҳастаи кометаи даврии 12P/Pons-Brooks дар солҳои 2023-2024», «Таҳқиқи хусусиятҳои мадорӣ ва физикии кометаи С/2019 T4 (Atlas) дар асоси мушоҳидаҳои расадхонаи Санглох», «Басомади ҳаррӯзаи заминларза дар Тоҷикистон» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 8, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид