Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ як зумра ихтироъкорони Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд

Апрель 26, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса иттилоъ доданд.

Имсол шиори Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ «Моликияти зеҳнӣ ва мусиқӣ. Назми моликияти зеҳниро эҳсос намо!» мебошад, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ эълон гардидааст.

Зимни ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Мирзо Исмоилзода иброз дошт, ки «моликияти зеҳнӣ яке аз сарватҳои пурарзиштарини мамлакат ва пояи муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ин соҳа зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин радиф имрӯзҳо Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои мунтазами Пешвои миллат оид ба ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ихтироъкорон аз тамоми воситаҳои имконпазир истифода менамояд».

Ҳамчунин барои рушди минбаъдаи соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон ва муайян намудани механизми дастгирии минбаъдаи фаъолияи ихтироъкорию навоварӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст. Дар он тамоми тадбирҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар мамлакат зина ба зина пешбинӣ шудаанд.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ як зумра ихтироъкорони мамлакат барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ дар Тоҷикистон бо нишони муассиса ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

 

Апрель 26, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд