Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ҳамоиши омӯзишӣ гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пиряхҳо ба таври умумӣ 75 фоизи захираҳои асосии оби тозаро ташкил намуда, зери таъсири тағйирёбии иқлим босуръат коҳиш меёбанд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин масъалаи муҳимми глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур мебошад. Ин нукта дар ҳамоиши омӯзишие, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби коршиноси байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии рушд таҳти унвони «Тақвияти гузоришҳои илмӣ оид ба масъалаҳои обшавӣ ва ҳифзи пиряхҳо» барои намояндагони воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд, таъкид гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамоиши омӯзишии «Тақвияти гузоришҳои илмӣ оид ба масъалаҳои обшавӣ ва ҳифзи пиряхҳо» дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, гузаронида шуд.
Дар ҳамоиши омӯзишӣ масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Бонки Осиёии рушд доир ба ҳадафи ҳамоиши омӯзишӣ, ташаббусҳои глобалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва аҳамияти баргузории Конфронси сатҳи баланди Душанбе дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуданд.
Ҳадафи ҳамоиши омӯзишӣ аз баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбӣ дар самти инъикоси илмии масъалаҳои марбут ба обшавии пиряхҳо ва ҳифзи онҳо иборат буд.
Дар ҳамоиш ба намояндагони воситаҳои ахбори омма пӯшиши расонаии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омӯзонида шуд.
Таъкид гардид, ки тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иртибот ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Ҳадафи конфронси байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути ҳамкорӣ ва амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳои сиёсӣ мебошад.
Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронси сатҳи баланди Душанбе дар доираи нишастҳои мавзуӣ, форумҳо ва чорабиниҳои канорию фарҳангӣ масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкории байналмилалиро дар самти андешидани тадбирҳои муассир барои ҳифзи пиряҳои сайёра баррасӣ намоянд. Конфронси сатҳи баланди Душанбе қадами муассир дар роҳи тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Ҳамоиши омӯзишии «Тақвияти гузоришҳои илмӣ оид ба масъалаҳои обшавӣ ва ҳифзи пиряхҳо» на танҳо ба такмили дониш, балки баланд бардоштани огоҳии намояндагони расонаҳои хабарӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо, тарғиби ин масъала дар дар воситаҳои ахбори омма ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзномаи обу иқлими ҷаҳонро шуруъ аз асри 21 пеш мебарад. Силсилаташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла, қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо исботи ин гуфтаҳо мебошад. Ташаббуси навбатии Пешвои миллат аҳамияти махсуси таърихӣ дошта, нисбат ба дигар иқдом нодир арзёбӣ мегардад. Чунки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо як қатънома чор пешниҳоди Тоҷикистонро қабул намуд, яъне «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»,«21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», таъсиси Фонди махсуси боварӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қатъномаи мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо таъсиси ҳайати Кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои мушаххас тасдиқ шудааст. Инчунин барои идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Тоҷикистону Фаронса моҳи августи соли 2024 қатъномаи дигари Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ» қабул гашта, бо ибтикори Тоҷикистону Аргентина «Гурӯҳи дӯстдорони пиряхҳо» дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст.
Пиряхҳо ба таври умумӣ 75 фоизи захираҳои асосии оби тозаро ташкил намуда, зери таъсири тағйирёбии иқлим босуръат коҳиш меёбанд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин масъалаи муҳимми глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур мебошад. Аз ҷумла, обшавии бузургтарин пиряхи — Ванҷях, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, далели ин гуфтаҳо аст. Мушоҳидаҳои бисёрсола бозгӯи онанд, ки танҳо давоми 70-80 соли охир пиряхи Ванҷях беш аз 1 километр коҳиш ёфта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо ёдгориҳои боҳашамати табиӣ, балки сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар минтақа буда, дар нигоҳ доштани экосистемаҳо ва иқлими Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд. Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим- ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро он заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти ояндаи инсониятро ташкил медиҳад. Имрӯз мушкилоти экологӣ ва масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи оби ошомиданӣ мебошанд, ба мушкилоти рақами яки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намудаанд, ки дар ҷараёни ҳалли проблемаҳои мавҷудаи экологӣ бо мақсади устувории экологӣ танҳо як кишвари алоҳида наметавонад ноил шавад. Бинобар ин, барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарур меояд, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон ташаббускорӣ анҷом дода шавад.
Дар ҳамоиши омӯзишӣ таъкид шуд, ки Тоҷикистон зери роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ нақши ташаббускор ва таъсиргузорро мебозад. Ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи муҳаққиқон ва сиёсатмадорон, балки рисолати ҳар фарди ҷомеа, бахусус намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад. Дар ҳамоиши омӯзишӣ оид ба роҳҳои ҳифзи пиряхҳо, коҳиш додани сатҳи партовҳои газҳои гулхонаию рӯ овардан ба иқтисоди «сабз», тақвияти ҳамкории давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфуз дар ҳалли ҳифзи пиряхҳо ибрози назар карда шуд.
Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»