Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо озмуни рассомӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, ки ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо – ояндаи мост» озмуни эҷодии рассомӣ эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, махсусан ҷавонон ба мушкилии обшавии пиряхҳо ва зарурати ҳифзи он аз ҳадафҳои асосии озмун мебошад.
Барои иштирок дар озмун ҳама гуна техникаҳои рассомӣ – акварел, гуаш, қалам ва ғайра қабул карда мешаванд. Андозаи расме, ки ба озмун пешниҳод мешавад, бояд 60 х 50 см бошад. Ба озмун ҳама хоҳишмандон, новобаста аз синну сол даъват карда мешаванд.
Озмун шаҳрвандонро ба дарки аҳамияти пиряхҳо, нақши онҳо дар захираҳои обӣ ва низоми иқлим, инчунин роҳҳои ҳифзи онҳо ҳидоят менамояд.
Беҳтарин асарҳо аз ҷониби ҳайати доварон, ки ба он мутахассисони соҳаи экология ва созмондиҳандагони озмун дохил мешаванд, интихоб гардида, дар чорабинии ниҳоии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо» намоиш дода мешаванд.
Ғолибон бо ҷоизаҳо ва шаҳодатномаҳо қадрдонӣ шуда, асарҳои беҳтарин барои баланд бардоштани маърифати экологӣ истифода мегарданд.
АКС аз манбаъҳои боз








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






