Дар Абузабӣ ҷалби сармояи ADFD барои идомаи сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид

Апрель 9, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар  мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ (ADFD) Муҳаммад Саиф Ал Сувайдӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.

Султон Раҳимзода имконияти васеи энергетикии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи энергияи «сабз»-ро муаррифӣ намуда, аз ADFD даъват ба амал овард, ки дар татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»  ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ сармоягузорӣ намояд.

Ал Сувайдӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории дуҷониба омодагии ADFD-ро барои баррасии имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика иброз дошт. Ӯ гуфт, ки ADFD дар маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар кишварҳои гуногун таҷрибаи ғанӣ дорад ва мехоҳад ин ҳамкориро бо Тоҷикистон низ густариш диҳад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар рӯдхонаи Вахш сохта мешавад, пас аз анҷом ёфтан бо иқтидори 3 600 мегаватт бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ин неругоҳ на танҳо талаботи дохилии Тоҷикистонро бо неруи барқ таъмин мекунад, балки имконияти ба кишварҳои ҳамсоя содирот намудани барқро низ фароҳам меорад.

Ин мулоқот қадами муҳиме дар таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» арзёбӣ мегардад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»