Дар ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ ҷалби сармоя ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Муайян кардани самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар ва роҳҳои ҷалби сармоя» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат иттилоъ медиҳад.
Ҷаласа бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ гузаронида шуд. Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳтар ва ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сол то сол зиёд гардида, барои таъмини рушди устувори мамлакат нақши назаррас дорад. Аммо ҳанӯз ҳам дар самти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ барои ноил шудан ба ҳадафу афзалияти Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳо бояд корҳои зиёд ба анҷом расанд.
Дар ҷаласа гузориши муовини якуми Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд. Таъкид гардид, ки аз ҷониби кумита барои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя якчанд тадбири зарурӣ андешида шуда, барои бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Дар анҷоми ҷаласа аъзои ситод қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






