Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар доираи Ҳафтаи илм конференсия баргузор шуд

Апрель 11, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи Ҳафтаи илм ва Рӯзи илми тоҷик бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030), «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (2020-2040) ва 80-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 иброз гардид, ки илму маориф ва фарҳанг чун падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа, тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд.

Аз самари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат илму маориф ва фарҳанг дар замони истиқлолият ба рукни муҳими сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат равшангари масири давлатдорию давлатсозии мо гардидаанд.

Таҷлили Рӯзи илми тоҷик баёнгари он аст, ки фазои маърифатию маънавии ҷумҳурии мо дар садаи нави таърихӣ рӯ ҷониби падидаҳои илмиву фарҳангӣ дорад ва устувор гардидани мавқеи илм дар соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти мамлакат нишони  натиҷаҳои илмии олимони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Солҳои охир бо мақсади дастгирии илмҳои бунёдӣ барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар бахши илм амалӣ мешаванд.

Гуфта шуд, ки дар 37 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ аз рӯи 13 равияи илм ва 31 ихтисос омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр, таҳияи рисолаву монография ва китобҳои таълимию методӣ машғул мебошанд. Дар семоҳаи якуми соли 2025 аз ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ як нафар рисолаи докторӣ ва 6 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Дар айни замон 42 нафар унвонҷӯ ва хатмкардагони зинаи докторантураи PhD рисолаҳои илмӣ таҳия намуда, дар арафаи пешниҳод ба шуроҳои дифоъ қарор доранд.

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Тоҷикистон: Хатари омили динӣ-сиёсӣ дар давлатдории миллӣ»,  «Фалсафаи вақт. Зиндагӣ сиррест аз асрори вақт» ва «CASA-1000 лоиҳаи тақдирсоз барои Тоҷикистон» маърузаҳои илмӣ пешниҳод шуданд.

Дар доираи Ҳафтаи илм дар донишгоҳ то 14 апрел беш аз 900 мақолаи ҳайати олимон ва устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Апрель 11, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад