Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиш баргузор шуд

Апрель 29, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони Тоҷикистон бо истифода аз имконоту иқтидори зеҳнӣ ва ҷисмонӣ муаррифи ҳақиқии миллат дар арсаи байналмилалӣ гардида, ҳамарӯза барои боз ҳам болотар бурдани нуфузи мамлакат талош менамоянд. Ин аст, ки Роҳбари давлат ба қабули ҳар қарор ва тасмим ба манфиати ҷавонон ва талаботи онҳо диққати махсус медиҳанд. Ин матлаб зимни ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Президент ва ҷавонон» ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май), ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир шуд, баён гардид.

Дар ҳамоиш ҳозирин дастовардҳои 34 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ,  нақшу саҳми ҷавонон ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукуматро нисбат ба ҷавонон ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат мақоми салоҳиятноки давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон амал менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мақоми ҷавонон ҳамчун ояндаи ҷумҳурӣ батадриҷ баланд гардид.

Ҷавононро зарур аст, ки бо истифода аз имконияти фароҳамоварда ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонанд. Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа назаррас мебошад.

Дар фарҷом иштирокчиён доир ба мавзуъҳои мубрам ва калидии марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Апрель 29, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд