Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба оила ва маърифати ҳуқуқии оиладорӣ ҳамоиш доир гардид

Апрель 13, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 13.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзуи «Оила ва маърифати ҳуқуқии оиладорӣ дар ҷомеаи муосир» ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Дар ҷамъомад пойдор намудани оила, одоби оиладорӣ, нигоҳ доштани расму оин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сарфаю сарриштакорӣ дар зиндагӣ, тақлид накардан ба бегонапарастӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба маърифати оиладорӣ баррасӣ шуданд.

Иброз гардид, ки самимияту вафодорӣ, муҳаббату садоқат ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ, ки аз ҷумлаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ маҳсуб мешаванд,  маҳз дар доираи оила ташаккул ёфтаанд. Мустаҳкамии оила низ замоне ба вуқуъ мепайвандад, ки ҳар аъзои оила вазифаи худро сари вақт иҷро намояд. Вазифаи аввалиндараҷаи зану шавҳар дуруст намудани рафтору кирдор ва гуфтор дар назди фарзандон мебошад.

Рукни асосии ҷомеа аз оила сарчашма мегирад. Ҷомеа замоне обод мешавад, ки агар оила солиму тифоқ ва бо муҳаббат поягузорӣ шуда  бошад.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Апрель 13, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд