Дар Душанбе доир ба иқтисодиёти рақамӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе доир ба вазъи кунунии рушди рақамӣ дар мамлакат таҳти унвони «Рушди глобалии иқтисодиёти рақамӣ ва таъсири он ба низоми иқтисодии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи асосии ҳамоиш аз муайян намудани ҳадафҳои асосии муваффақияти табдили рақамӣ, арзёбии вазъи кунунии рушди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии иттилоотӣ ва таълимии табдили рақамӣ иборат буд.
Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода иброз намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ иқтисодиёти рақамӣ ба яке аз омилҳои асосии рушди иқтисод ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот табдил ёфтааст.
«Рақамигардонӣ яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯз давлатҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар бахшҳои гуногун – иқтисод, маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ ва идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи бештар медиҳанд»,-гуфт Ораз Муртазозода.
Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба рушд дар самти иқтисодиёти рақамӣ қадамҳои муайян гузоштааст. Эълон намудани солҳои 2025 – 2030 чун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия аз ҷумлаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад, ки он дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон ҳамчунин доир ба рушди технологияи рақамӣ, нишондиҳандаҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ дар заминаи ҷаҳонишавии иқтисоди рақамӣ, Тоҷикистон дар ҳошияи раванди рақамигардонии ҷаҳонӣ ва дигар мавзуъҳо мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






