Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

Апрель 4, 2025 15:44

ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд.

Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло зимни ҳамоиш иброз дошт, ки Наврӯз муаррифи таърих, фарҳанг ва ойинҳои деринаи миллати куҳанбунёди тоҷик буда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми байналмилалӣ гирифтани он назаррас аст.

Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз намуданд, ки «Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат аст, ки гардише дар руҳу ҷони одамон падид меоварад».

«Наврӯз на танҳо иди баҳору зебоӣ, оғози соли нави аҷдодӣ, балки тарғибгари суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон низ мебошад, чунки маҳз суннатҳои ахлоқӣ ва фарҳанги таърихии халқ, ҳикмату қудрати Наврӯз халқи моро дар марҳилаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ватандӯстӣ ҳидоят намудаанд»,- илова намуд Исфандиёри Саъдулло.

Дар ин рӯз як зумра кормандон ва собиқадорони фаъоли соҳаи алоқа  бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2025 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд