Дар Москва ҷаласаи роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд

Апрель 25, 2025 15:41

ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 апрел дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи 58-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар кори онҳо сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд.

Дар ҷаласаҳо иҷрои қарорҳои дар аввалин вохӯрии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабулгардида, тамоюлҳои сиёсати рақобат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, самтҳо ва қолаби кори минбаъдаи мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва танзими зиддиинҳисории комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар доираи ҷаласаи 58-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин бо нишони фахрии шуро сарфароз гардонида шуд.

Тибқи қарори шуро, ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Беларус баргузор мешавад.

Дар доираи ин ҷаласаҳо ҳамзамон бахшида ба 35-солагии мақомоти зиддиинҳисории Федератсияи Русия конференсияи  байналмилалии ҳайати васеи мушовараи Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия баргузор шуд.

АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 25, 2025 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»